Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови маркази ноҳия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Солимии миллат-бақои давлат» бо усули «хона ба хона» баргузор намуд.
Масъулини Кумитаи иҷроия дар якҷоягӣ бо гурӯҳи мутахассисони соҳаи тандурустӣ бо сокинони маҳалла корҳои фаҳмондадиҳиро дар шароити шиддат ёфтани бемории сироятӣ ба роҳ монда, қоидаҳои беҳдоштро тибқи тавсияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати қатъиян риоя намудан, бахусус пӯшидани ниқобҳои тиббиро ҳангоми баромадан аз манзили зист фаҳмонида дода, ба онҳо маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои муҳофизатиро тақсим карданд.