БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲИ ЯГОНАИ ПЕШГИРИИ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС РИОЯИ ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТ АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав  оид ба  пешгирии  паҳншавии  бемории  коронавирус, ҳамарӯза суҳбату вохӯриҳоро  ба сокинон бо усули «хона ба хона» ва дар  саҳро  бо кормандони хоҷагиҳои  деҳқонӣ, ҳамчунин   истифодаи  оқилонаи  ҳар як ваҷаб замин ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ барои ду соли оянда  баргузор намуда  истодаанд.

Ин навбат бо сокинони деҳаи Бешкаппа 3-и  Ҷамоати деҳоти Наврӯз вохӯрӣ  баргузор  намуда, ҳолатҳои     пешгирӣ  аз  ин  бемории  сироятиро  фаҳмонида,   қайд  карданд, ки  роҳи  ягонаи    пешгирии  паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ,   риояи қоидаҳои  беҳдоштӣ  мебошад, барои  ин  пеш  аз  ҳама  ба  қоидаҳои  беҳдошти  оила, пӯшидани  ниқобҳои  тиббӣ, шустани  дастон  бо  собун ва  дигар  қоидаҳои  гигиенаи  шахсиро  риоя намоянд. Инчунин, таъкид  намуданд, ки ҳар  яки  мо  табиби  худамон   мебошем, гигиенаи  оилавиро  риоя  намоем, бе зарурат  аз  макони  зистамон набароем  ва аз  баргузор  намудани  ҳар  гуна  ҷамъомаду нишастҳои дастаҷамъона даст  кашем. 

Ҳамчунин, дар идомаи  суҳбат  намояндагони ҳизбӣ  моҳияти истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, президентӣ,  инчунин   захираи  маҳсулоти  кишоварзиро    ба аъзои  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ҷиҳати  бекор  намондани ягон  ваҷаб заминҳои  дар  ихтиёрашон    бударо  вобаста  ба  вазъи   имрӯзаи  ҷаҳони  муосир фаҳмониданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg