ВОКУНИШ. Вақтҳои охир аз тариқи расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба воситаи роҳбарияти ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ нисбат ба вазъи кунунии сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳои муғризонае интишор карда мешаванд, ки ҳадаф аз он тира кардани фазои идеологии кишвари мо аст.
Дар мубориза баҳри соҳибистиқлолии кишвар ҳазорон нафар ҷон бохтанд, ҳазорон нафарашон беному нишон гаштанд, ҳазорон нафари дигар бошанд дар мулки ғайр маскан гирифтаву соҳиби хонаву дар гардидаанд, аммо нафарони зиндабудаи дар Ватан монда, дар дилҳои хеш умед мепарвариданд, то сулҳ ба Ватан боз ояду онҳо низ аз ҳавои мусаффои Ватан озодона нафас бигиранд, аз оби чашмаҳои он нӯш кунанд ва дар Ватани аҷдодӣ зиндагии осудаҳолона ба сар баранд. Ва ин турфа одамони наҷиб, ки ба ояндаи дурахшон бовар доштанд ва ба умеди фарорасии рӯзи саид шӯълаи умедро дар дилҳои хеш фурӯзон нигоҳ медоштанд, охируламр ба муроди дил расиданд. Муттаассифона, гурӯҳҳои бадхоҳони миллат таҳти таъсири андешаҳои тундгаронаи доираву нерӯи бадхоҳӣ дар ҳориҷ қарор гирифта, Ватанамонро боз мехоҳанд ба низоъҳои дохилӣ ва мухолифати мусаллаҳона кашида, ба сулҳу ваҳдати ягонаи имрӯзаи кишвар монеа эҷод намоянд. Бадбахтона ҳамаи ин бозиҳо аз ҷониби кишварҳои манфиатҷӯ бо дасти гурӯҳу созмонҳои ифротии экстремистӣ-террористи амалӣ мешаванд.
Бадхоҳони миллат дарк намоянд, ки Тоҷикистонро фарзандони соҳибмаърифаташ ба яке аз давлатҳои пешқадам табдил додаанд, ки он акнун маҳбуби ҳама халқи ҷаҳон ва умеди ҳама беватанони дунёст.Насли имрӯз бо ин Ватан ифтихор доранд. Тоҷикистони маҳбуби моро акнун тамоми давлатҳои дунё ба расмият шинохтаанд ва эътироф мекунанд. Тоҷикистон чун давлати сулҳхоҳу ваҳдатофар дар тамоми сайёра мумтоз аст. Фарзандони содиқу далсӯзаш тавонистанд ба он мақоми шоиставу сазовор диҳанд. Насли имрӯза дар гирди Пешвои муаззами миллат ҳамсони парвона дар гирди шамъ ҷаъм омадаанд ва барои ояндаи аз ин ҳам зеботару гуворотар нақшаҳои ҷадид тарҳезӣ менамоянд. Намегузоранд касе ба марзу буми ӯ бо мақсади ғаразнок наздик шавад.
Аммо бархе аз одамони кӯрнамак ва носипоси ин миллат, ҳамсони «кабириҳо» мехоҳанд баҳори гулфишону гулбасари Тоҷикистони озоди моро ба хазони абадият табдил бидиҳанд. Онҳо шояд фаромӯш карда бошанд, ки ин мардум аз суннат, аз ақл ва аз хиради азалии хеш истифода менамоянд, то дар масири ҳикмату хирад ва арзишҳои воло ҷовидон боқӣ бимонанд.
Ин мардум ҳаргиз доғдори номи миллат, Ватан, дини мубини Ислом ва мазҳаби поки хеш намемонад.
Имрӯз бадбахтии саросари олам бемории сироятии «КОВИД-19», яъне коронавирус аст, ки бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ натавонистанд аз он раҳоӣ ёбанд. Даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони онҳо ҷони худро бар асари ин бемории сироятӣ бохтанд. Тамоми мардуми олам ин фоҷиаи одамиро эҳсос мекунанд, мефаҳманд, агар кумакҳои моддӣ расонида натавонанд ҳам , ақалан ҳамдардӣ изҳор менамоянд.
Ҳар як инсони комил, аз ҷумла мо мардуми шарифи Тоҷикистон медонистем, ки ин фоҷиаи умумибашарӣ кишвари моро низ сарфи назар намекунад. Ин бадбахтӣ тавре, ки интизор будем дари хонаи мо тоҷиконро низ кӯфт.Ҳамагон медонанд, ки дар аввали сарзании ин ё он фоҷиа каме бесарусомониҳо, ки асоси онро таҳлука ташкил медиҳад, ҷой дошт. Одамон дар беморхонаҳо ва дар хонаҳояшон бо кумаки духтурон табобат мегиранд. Шукр аксарашон табобат гирифта шифо ёфта истодаанд.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми кӯшиши ғайрат барои наҷоти шаҳрвандонаш ҳамрӯза чораҳои амалӣ андешида истодааст.
Пизишкону духтурони оддӣ ҷон ба кафи даст гирифта, бисту чор соат дар набард бо марг ҳастанд. Инро қаҳрамонӣ намешуморанд онро барояшон чизи оддӣ вазифаи худ мешуморанд. Онро қарзи инсонӣ, нангу номуси Ватандорӣ медонанд.
Бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибон ва нафароне, ки ба бемории коронавирус мубтало гашта, бо супориши Сарвари давлат ба ҳамаи вилоятҳо шаҳру ноҳияҳои кишвар маводи озуқа, таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ тариқи корвони мошинҳо аз пойтахти кишвар фиристода шуд.
Ҳама медонад, ки коронавирус як мавҷудияти одамхор аст, вирус аст, як ҷонзоди бешуур аст. Душмани инсон дар либоси бактерия омадааст. Аниқ ки коронавирус тоҷик нест, бегона аст. Аз ҷондор ҷои гила нест чунки ӯ одам нест.
Агар дари интернетро кушоему муносибати мардумони оламро омӯзем ва мебинем, ки онҳо дар мубориза бо ин беморӣ дар ватанашон чи гуна эътибор медиҳанд. Миллатҳои дигар, ки берун аз кишвари худ зиндагӣ мекунанд, дастгирию саҳмгузории онҳоро дар мубориза ба ин беморӣ дар ватанашон эътибор диҳеду, ба ҳаммилатони « наҳзатии» дар ҳар кунҷи Аврупо пинҳоншудаи террористии мо таваҷчуҳ намуда, хулоса бароред. Ягон миллати дунё, касе, ки набошад дар фоҷиаи ба сари миллату давлати худ омада, сарфи назар аз ақидаҳои сиёсиву динӣ, мазҳабӣ то ба ин дараҷа пастиву бенангиву беномусӣ накардаанд. Мақсади асосии шабакаҳои террористӣ аз ҷумла (Ахбор Ком», « Паём. Нет», «Ислоҳ.Нет», «Вотокнюз», «Озодандешон» пулкоркунӣ аст. Ба мардум кумак кардану ёрӣ расониданӣ нест. Оё наҳзатиҳо онҳое, ки худро «дӯстдору ғамхорӣ» миллат метарошанд ба ягон нафар, ҳатто ба хешу таборони худашон дар кишвар ягон кӯмаку дастгирӣ кардаанд?. Гурӯҳчае, ки худро «чеҳраи шинохтаи тоҷик», «саршиноси тоҷик», мешуморад ва дар интернет ҳамарӯза ахбори дӯруғу беасос бофта чоп намуда, рушду пешрафт, зиндагии хушу хурсанд ва аҳлонаи мардуми кишварро нодида мегиранд, танҳо туҳмату ҳар гуна суханони ноодилонаро нисбати Сарвари давлат, Ҳукумат ва роҳбарони Ҷумҳурӣ мезананд, ки аз ҳақиқат фарсахҳо дуранд. Ин амалҳои онҳо пеш аз ҳама пул коркунӣ аст. Дар ғарибӣ мулки бегона барои зиндагӣ кардан маблағ лозим аст. Дар Аврупо, ки ҳама чиз ҳатто нафаскашӣ пул меистад, ин ватанфурӯшон ҷон мекананд ба ҳар роҳе набошад маблағ, сармоя ба даст оварда, зиндагӣ кунанд. Ба ин ватанфурӯшон кишварҳое, ки даъвои қудрати бузурги олмаро доранд пул медиҳанд. Онҳо беҳуда пул намедиҳанд, пулро мақсаднок медиҳанд. Мардуми соҳиби иродаи матину ақли солим кайҳо дарк намуданд, ки он ҳама гапу сафсатагӯиҳо ва айбдорикуниҳои ин қабил одамон, ки дар ҳаққи Ҳукумату давлат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раво мебинанд, рост набуда, балки фиребу дурӯғи маҳз аст, ки мехоҳанд бо фиребу макр мардум ва алалхусус, ҷавононро ба гурӯҳҳои худ шомил созанд, бар зидди миллату давлат, ки баъди ҳазорҳо сол бо ҳазорон машаққату ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номус ва соҳибхираду тавонояш ба даст омад, аз байн баранд.
Он фарзандони ношукреро, ки дар самоти ин миллат нон шикастаанд ва ин хонро поймол кардаанд, нони миллат заҳрашон бод!
Ифротгарони палиди наҳзатӣ аз қабили Кабирӣ, Аюбзод, Салимпур, Истаравшанӣ, Варқи, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафони амсоли онҳо бояд дарк созанд, ки ин миллат дигар парешон намешавад ва ваҳдати ин мардум ҳам монанди дарахти азимест, ки дар умқи замин чунон реша давондааст, ки аз ягон ҳаводиси рӯзгор шохааш, баргаш, танааш, решааш осеб нахоҳад дид, зеро ба қавли Мавлонои Балхӣ: Он фарзандонеро, ки аз намакдони ин миллат таъми намак чашидаанду охируламр бо санги ҷафо онро шикастан мехоҳанд, ин намак кӯрашон кунад!
Тақдири Ватан ва истиқлолияти сиёсии миллат мо имрӯз ба иттиҳоду ҳамбастагии афроду ниҳодҳои ҷомеаи мо марбут аст. Арзишҳои меҳварие, чун истиқлолияти сиёсӣ ва якпорчагии марзиву маъмурии Ватан бояд барои тамоми шаҳрвандони кишвар дар, ҳама маврид аз ҳама арзишҳои дигар афзалтар ва муқаддастар бошанд. Масъулияти мо дар шароити кунунии ҳассоси таърихӣ он аст, ки гумроҳ ва ноогоҳ набошем.
Сиёсати хирадмандонаву талошҳои ватанпарварона ва саъю кӯшишҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллатро сидқан ҷонибдорӣ намуда , ҳаргиз ба ифротгароён имкон намедиҳем, ки ваъзи сиёсиву иҷтимоиро дар кишвар муташанниҷ кунанд.
Раҳмон Муродов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав