ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “хона ба хона” дирӯз бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Шӯрбулоқ вобаста ба пешгирии бемории коронавирус бо аҳолӣ гузаронида шуда, дар рафти вохӯриҳо ба аҳолӣ ниқобҳои тиббӣ, муроҷиатномаи ҳизбӣ, тавсияномаҳо ва маҳлулҳои антисептикӣ дастрас карда шуда, таъкид гардиданд, ки бе пӯшидани ниқобҳои тиббӣ аз хона набароянд ва қоидаҳои беҳдоштиро чи дар хона чи беруна аз он ҳатман риоя кунанд.