БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби пешабарандаву роҳнамо дар ҷомеа

ВАХШ. Мувофиқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар якҷоягӣ бо сардори Раёсати молияи ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Молия" оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд " ҷамъомад доир карда шуд.

Дар ҷамъомад мудири шуъбаи таблиғот,  иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Сафаралӣ Камолов ва мутахассиси шуъба Негматов Азизулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки ҷомеаи инсонӣ ҳамеша ба тарбия ниёз дорад. Фарзанд агар аз ибтидо тарбияи дуруст гирад, одобу ахлоқи андӯхтааш то интиҳои роҳи зиндагӣ ӯро роҳнамоӣ мекунад. Тарбияи фарзанд ва ба воя расонидани он дар ҳар замон волидайнро ба ташвиш меорад.

Тарбия он вақт комил мегардад, ки дар он оила, мактаб ва ҷомеа баробар саҳм дошта бошанд.

Дигар иштирокдорон низ фикру андешаҳои хешро роҷеъ ба ин мавзӯъ баён дошта, ваъда доданд, ки дар амалӣ гардонидани қонуни мазкур саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg