БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ЗАРУРАТИ БЕШТАР ПАЙДО НАМУДААСТ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар шароите,  ки тамоми дунёро буҳрони шадиди иқтисодӣ таҳдид менамояд,  зарурати бештари истифодаи самаранок аз замин пеш омадааст. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Ховалинг бо мақсади ба мардум фаҳмонидани  дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти болоии ҲХДТ оид ба истифодаи самараноки замин дар асоси Аксияи таблиғотии “хона ба хона” ҳамарӯза дар марказ ва деҳоти ноҳия бо мардум суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд. 

Онҳо бо сокинони кӯчаи ба номи Сайдалӣ Вализодаи Ҷамоати шаҳраки Ховалинг оид ба истифодаи самараноки замин суҳбат доир намуда,  барои  нигоҳубин ва ғизодиҳии дурусти маҳсулотҳои киштнамудаашон маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар суҳбати доиргардида бештар аз 89 нафар сокинон иштирок намуда, ба пурсишҳои худ ҷавоби қаноатбахш гирифтанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg