АНДЕША. Дар бораи некӣ ва накӯкории одамони хайрхоҳу хайрандеш навиштаҳои ибратангез хеле зиёд аст ва ҳамагон медонанд, ки танҳо хайру сахо, дастгирии оилаҳои ниёзманд, ятиму бечора ва дигар одамони муҳтоҷи ёрӣ касро накӯном мегардонад.
Боиси қаноатмандист, ки дар пайравӣ аз сиёсати инсондӯстона ва ятимпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо одамони зиёд, аз ҷумла соҳибкорон, шахсони доро ва дигар шахсони хайрхоҳ даст ба кори неку савоб мезананд.
Бисёр одамоне ёфт мешаванд, ки маблағи барои сафари Ҳаҷ ҷамънамудаи худро дар корҳои хайру савоб харҷ менамоянд. Чунин амали хайр аз ҷолниби соҳибкорони ноҳияи Ховалинг ҳам зуд – зуд ба назар мерасад.
Бо иқдоми сокинони ноҳия, соҳибкорон бародарон Қосимовҳо чанде пеш дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ нуқтаи оби ошомиданӣ ба истифода дода шуд, ки сокинони кӯча ва дигар роҳгузарон барои ин амали нек дар ҳаққашон дуои нек мекунанд.
Насиба Ҳотамова, мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг