АНДЕША. Воқеан Истиқлолият ин нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, шарафу эътибор ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли мо мебошад ва инчунин, рамзи олии ватану ватандорӣ мебошад.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон дар давоми бистунуҳ соли соҳибистиқлолӣ бо сарварии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштанд ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намуданд; таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории онро ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил дода, ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодаанд. Дастоварди бузургтарини миллати тоҷик ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва Ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.
Пӯшида нест, ки пешрафти ҳама соҳаву бахшҳои ҷомеа ба заминаи қонунӣ ва асосҳои ташкилӣ – ҳуқуқӣ устувор мебошад. Аз ин нигоҳ барои ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон лозим омад, ки барои бунёди ҷомеаи навини шаҳрвандӣ ва давлати қудратманди демократӣ дар қадами аввал заминаҳои қонунӣ ва фазои мусоиди ҳуқуқиро ба вуҷуд оварад. Дар ин самт кишвари мо дар солҳои аввали истиқлолият ба чандин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ба мисли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар ниҳодҳои сиёсиву ҳуқуқии мӯътабари байналхалқӣ аъзо гардид.
Истиқлолият ҳамчун неъмати муқаддас ва муҳити озоди соҳибихтиёрӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва қонуният низ ҳаёти ҷамъиятиро дигаргунӣ бахшид, ки ин ҳама дастоварду музаффариятҳо арзиши ҳуқуқии истиқлолро аён месозад. Бинобар ин моро зарур аст, ки сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯхта, аз сиёсати имрӯза огоҳ бошем, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зада, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намуда, аз душманону бадхоҳони дохилию хориҷӣ ҳифзаш намоем.
Бекмамадов Асалмамад, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”