ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати иҷрои банди 4-и нақшаи фаъолияти Маҳфили волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш гурӯҳи волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо як руҳияи созандагиву бунёдкорӣ ба аёдати якчанд нафар бепарасторони ноҳия рафта, ҳангоми аёдат хонаи истиқоматии онҳоро тозаву озода намуда, оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус онҳоро бо маводҳои антисептикӣ таъмин намуданд.Аз ин иқдоми неку созанда аёдатшудагон миннатдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳизбиёни ноҳияи Вахш баён доштанд.