ҚУБОДИЁН. Гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади шарҳу тавзеҳ ва татбиқи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ тибқи нақша-чорабиниҳо дар маҳаллаи Ҷавонии ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён вохӯрӣ доир намуданд.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадаюб Шарифзода ширкат намуд.
Дар ҷамъомади мазкур инчунин, оид ба даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даст задани ҷавонону наврасон ба ҷинояту амалҳои номатлуби ҷомеа, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии никоҳи хешутаборӣ суҳбати судманд доир карда шуд.
Маҳмадаюб Шарифзода дар барои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар маҳаллаи Ҷавонии ҷамоати шаҳраки Қубодиён ҳунарҳои гилембофӣ, наматбофӣ, бофтани гилем аз пашмҳои чорво, қуроқдӯзӣ маъмул аст, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, даъват бар он кард, ки барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳмгузор бошанд.