БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, шустани дастон бо собун, истифодаи маҳлулҳои спиртдор ва ғайра аз ҷумлаи он тавсияҳое буданд, ки зимни суҳбат бо сокинону меҳмонони шаҳри Бохтар кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба хотири пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли бемории коронавирус баён доштанд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки ҳарчанд шиддати сироятёбии сокинони сайёра ба коронавирус имрӯз паст шуда бошад ҳам, вале он пурра аз ҷаҳон нест нашудааст, инсоният аз ин беморӣ то ба ҳол раҳоӣ наёфтааст.
Имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки қисмате аз сокинон нисбати тадбирҳои пешгирикунанда аз ин беморӣ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, сайру гашт карда истодаанд.
Дар рафти корҳои тарғиботӣ аз ҷониби аъзои гурӯҳ зиёда аз 300 адад варақаҳо оид ба пешгирии бемории коронавирус тақсим карда шуд.