БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба оқилона истифода бурдани замин ва ҷамоварии хошок барои замистонгузаронӣ кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро пайваста дар хоҷагиҳои ҳудуди ноҳия баргузор намуда, миёни хоҷагидорон оид ба мавзуҳои болозикр ибрози ақида намуда, қайд карданд, ки аз боду ҳавои мусоид истифода намуда, барои ҷамоварии хошок баҳри замистонгузаронии чорво ва самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин якдилона ва бо азму иродаи қавӣ меҳнат намоянд, то ки зиндагии худро ба ин васила беҳбуд бахшанд.