ВОКУНИШ. Пас аз тамошои филми мустанади “Хиёнат” он рӯзҳои ҷанги таҳмилӣ-шаҳрвандии солҳои 1992-1993-юм пеши назарам падидор гардид. Он рӯзҳои наҳсу даҳшатбор, он лаҳзаҳои душвори зиндагӣ ба хотирам омаду нисбат ба ин хоинони ватанфурӯш, ки (барои мансабу маблағҳои ночизе, ки ба як хори Ватан арзише надоранд, аз ҷониби роҳбарони хориҷиашон ба даст меоранд), қариб буд давлатро нобуд ва миллатро пароканда созанд, нафратам даҳчанд боло рафт. Он мусибатҳое, ки ба сари мардуми тоҷик омада буд, хуб дар ёд дорам. Ҳамон шабу рӯзҳои баъдиҷангӣ субҳгоҳон ба ҷои садои парандаҳои хушхон ба гӯши кас овози нолаву фиғони модарони фарзандгумкардаву занони бесарпаноҳмонда мерасид, ки аз шунидани нолаи модари ҷигарсӯхта барои инсони боақлу заковат сахттар чизи дигаре нест. Дар он шабу рӯзҳо чи рӯзҳоеро мардуми ҷафодидаи тоҷик аз сар гузарониданд, ки ба ёд овардани он барои кас даҳшат аст. Хонаҳои сӯхтаву валангор, одамон гурезаву сарсону саргардон, кӯчаву растаҳои холӣ.
Шукр аз даргоҳи Яздони пок мекунем, ки он рӯзҳои сиёҳу шум аз сари миллати тоҷик бо шарофати қудумҳои файзбору неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур шуданд. Рӯз то рӯз Тоҷикистон ободу зебо шуда, шаҳрвандон бо зиндагии шоиста таъмин гардиданд. Аммо ин ҳама ободиву пешрафти Ватани маҳбубамонро душманони давлату миллат дида натавониста, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд бори дигар мардумро ба гирдоби зулму бедодгариҳо кашида, давлатро ғасб намоянду хостаҳои нопоки хешро амалӣ созанд. Лекин миллати заҳматкашу сарбаланди тоҷик рӯзҳои сангин, он ҳиллаву найрангҳои қаблии ин хиёнаткоронро фаромӯш накардааст ва намехоҳад, ки бори дигар шаҳди ғаму андуҳ, зулму ситамро бичашад. Хурду бузурги Тоҷикистон тавассути шабакаҳои телевизионӣ бо тамошои филми “Хиёнат” бори дигар аз сиёҳкориву мансабталошии ин хоинони Ватан огоҳии бештар пайдо намуда, ба рафтору кирдорҳои ваҳшиёнаву разилонаи Кабирию ҳаммасалаконаш лаънат хонданд. Кабирию думравонаш ангушти зиёдатие дар панҷаи давлату миллат буда, бо бадтинатии худ дар рушду тараққиёт ва пешрафти зиндагии мардум халал ворид месозанд. Мо мардуми тамаддунофари тоҷик аз найрангу ҳиллаҳои ин ватанфурӯшон хуб огаҳӣ дорем. Мо ҳама таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пайи кору фаъолияти хеш барои боз ҳам шукуфонтару ободтар шудани Ватани биҳиштосоямон талош меварзем ва ҳадафамон созандагиву бунёдкорӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодат аст.
Зебо БОЗОРОВА, сармутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон