ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо паст шудани шиддати бемории коронавирус аксар одамон талаботҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя накарда, дар кӯчаю бозор ва дигар ҷойҳои серодам бепарвоёна бе ниқобҳои тиббӣ гаштугузор менамоянд. Онҳо баъди бурдани корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ ҳоло ҳам дарк накардаанд, ки аз як нафар одами ба ин беморӣ гирифторшуда садҳо одамони дигар сироят ёфтанашон мумкин аст. Бояд дар хотир дошт, ки ҳамагуна беморӣ дар ибтидо аз як шахс ба шахси дигар мегузарад.
Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории Ковид - 19 бо усули “хона ба хона” бо бошандагони деҳаи Дараи аспони Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт маҳз дар ҳамин масъала - масъалаи бетаваҷҷуҳии мардум ҷиҳати ҳифзи саломатии худ ва дигарон аз ин бемории хавфнок суҳбат доир намуданд. Дар суҳбатҳо ба иштирокдорон фаҳмонида шуд, ки бемории Ковид-19 дар ҷумҳурӣ пурра аз байн нарафтааст. Ҳоло ҳам гирифторшавӣ ба ин беморӣ дида мешавад. Аз ин рӯ, мардум набояд бепарво бошанд. Зеро он метавонад боз шиддат ёбад. Бинобар ин ҳар як шахсро мебояд, ки талаботҳои беҳдоштии шахсӣ ва ҷамъиятиро қатъӣ риоя намуда, ба паҳншавии он роҳ надиҳад.