БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲОСИЛИ ФАРОВОН МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАРРО ТАҚОЗО МЕКУНАД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ноҳияи Ховалинг  таваҷҷуҳ ба истифодаи самараноки замин хеле зиёд аст. Алалхусус баъди пайдо шудани  бемории сироятии коронавирус, канда шудани риштаҳои иқтисодии байни давлатҳо ва васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмонидадиҳӣ аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроия ва аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  мардум барои истифодаи ҳар ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаашон  шабу рӯз меҳнат намуда, дар натиҷа ҳосили дилхоҳ  ба даст оварданд.

Аксар  сокинони диёр алҳол аз маҳсули меҳнати худ  пиёзу картошка, караму сабзӣ, бодиринг, кабудӣ,  сирпиёз боимҷону помидор, истифода  менамоянд. Намояндагони ҳизбӣ  ҳамарӯза аз заминҳои дар ихтиёрдоштаи аҳолӣ боздид ба амал оварда, ба онҳо ҷиҳати  нигоҳубини маҳсулотҳо, обу ғизодиҳӣ ва аз як замин рӯёнидани чанд ҳосил  маслиҳат медиҳанд. Чунин суҳбату вохӯрӣ  аз ҷониби кормандони  Кумитаи иҷроия дар  деҳаи Токаки  Ҷамоати  деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо  гузаронида шуд.   Дар суҳбатҳои “хона ба хона” бештар аз 85 нафар сокинон иштирок намуда,  дар бораи истифодаи самараноки замин дар асоси талаботҳои агротехникӣ маълумот пайдо намуданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg