ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавируси COVID-19, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» дар ҳудуди маҳаллаи №3-и Ҷамоати шаҳраки Фархор гардиш доир намуданд.
Кормандони ҳизбӣ дар ин рӯз бо зиёда 200 нафар сардорони оилаҳо суҳбат намуда, ба онҳо маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, маводҳои безараргардонӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуда, таъкид карданд, ки худ ва наздиконатонро аз мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ ҳифз намоед.