ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “60-солагии Панҷ” гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб корҳои тарғиботиву ташвиқотиро идома дода, ба истиқоматкунандагони маҳалла ниқобҳои тиббӣ ва муроҷиатномаи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақсим намуда, фаҳмониданд, ки бе ниқоб нагарданд ва саломатии худро эҳтиёт кунанд.