ЁВОН. Чанде қабл бо иштироки аҳли заҳмати деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва бо даъвати Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ директори Маркази зидди бемориҳои ВНМО/СПИД Алифов Ҷ, муовини раиси ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов Холов Сулаймон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия М. Солиҳов оид ба ободонии маҳал, сабзу хуррамгардонии он, тоза намудани ҷӯйю заҳбурҳо, сафед кардани девору атрофи манзилҳои истиқоматӣ, иштирок ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободонӣ, тарбияи дурусти фарзандон, тарғиби арзишҳо ва фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва ғайра андешаронӣ карда шуд.
Инчунин, аз ҷониби Алиев Ҷ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВИЧ/СПИД, роҳҳои гузариши он, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, пешгирии таваллуд дар хона суханронӣ карда шуд.