АНДЕША. Мусаллам аст, ки ҳар як фарди солимфикри ҷомеа аллакай ниятҳои нопоку ифротгароëнаи хоинони миллатро дарк намуда истодаанд ва дигар ҳеҷ гоҳ ба даҳшати миллӣ, ҷанги бемаънии бародаркушӣ роҳ намедиҳанд.
Чунки аз рӯи мушоҳидаҳо, аксари шаҳрвандон, алалхусус ҷавонони муосири Ватан ҳудуди марзию маъмурии Тоҷикистони воҳидро пурра дифоъ доранд.
Хатти марз, ҳудуди сарҳади Тоҷикистон комилан аз хизмати сарбозони миллат ҳифз мегардад. Пӯшида нест, ки Тоҷикистон феълан дар қатори даҳ давлати амнтарини ҷаҳон ва аз рӯйи амнияти шаҳрвандӣ дар кураи хок мақоми дуюмро соҳиб гардидааст.
Амнияти сар то сарӣ дар кишвар барои ҳар фард, сокинону меҳмонон ва сайёҳон таъмин аст. Чи тавре, ки огоҳӣ дорем, Ҷумҳурии Тоҷикистон, қариби се даҳсола шуда истодааст, ки соҳиби истиқлолияти давлатисту дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба мушкилоти ҷиддии сиёсӣ дучор гардид. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият, ки овони ҷавониву мактабхонии мо дар шаҳри Душанбе гузашту шоҳиди ҷамъомади мардуми кишвар дар ду майдон, майдонҳои шаҳидон ва озодӣ шудем, маҳз ана ҳамин наҳзатиҳо буданд, ки беҳтарин неъмат Истиқлолият, якпорчагии Тоҷикистон ва сарҷамъии миллатро намехостанду миёни мардуми кишвар ба ҳар гапҳои дурӯғу беасос иғво барангехта дар Ватани азизу маҳбубамон ҷанги бемаънии бародаркушро ба миён оварданд.
Зеро маҳз наҳзатиён то пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳанӯз аз рӯзи таъсисёбиашон солҳои 1974 ҳисси қудратталабӣ доштанду ин кор ба онҳо бе дастгириву кӯмаки ҳамаҷонибаи хоҷагони хориҷиашон муяссар намешуд.
Ва ин буд,ки хоинони миллати тоҷик бо ҳар баҳона, асосан дини мубини Исломро ниқоб намуда, мардумро гумроҳ намудаву фазои ороми ҷомеаро ноором сохтанду дар ниҳояти ин иғвоангезиашон дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваста зиёда аз як миллион нафар аҳолии Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя фирор карда, зиёда аз 150 ҳазор инсоният ҷони хешро аз даст доданд.
Роҳбари мухолифини ба ном Паймони миллӣ Муҳиддини Кабирӣ агар худ мусалмони ҳақиқӣ бошаду пайравӣ аз мазҳаби ҳазрати Эмоми Аъзам дошта бошад, бояд фаромӯш насозад, ки аз макру ҳилла ва дурӯғу найранг аз бозӣ бо сарнавишти мардум дур бошад ва ёдовар шавад, ки рӯзе дар муқобили додгоҳи адли Илоҳӣ хоҳад истод, ки пурсандагони он рӯзи даҳшат хоҷаҳои хориҷиашон нест, ки бо ваъдаҳои хушку холӣ онҳоро қаноатманд намояд.
Мусаллам аст,ки ҳадафи аслии дастнишондиҳандагони Муҳиддини Кабириву пайравонаш , яъне, ки хоҷаҳои хориҷиашон давлати тоҷиконро, ки рӯ ба рушд аст, бо маблағгузоргузорӣ истифода аз ин гурӯҳи хоинони миллату давлат, ки бештарашон худро олиму донишманд мешуморанд, ба пешравию тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон халал ворид намуда, мехоҳанд, ки боз чандин солҳо рушди кишварро ба ақиб андозанд.
Ин аст, ки бо ҳидоятҳои хоҷаҳои хориҷӣ, Муҳиддини Кабирӣ бо пайравонашон ба як ҳаракати ба ном Паймони миллӣ муттаҳид шуда, бо ҷалби дигар ҳамватанони мо, ки ҷавон ҳастанду ғурури ҷавонӣ доранду бехабар аз ҳадафҳои аслии Кабириву пайравонаш, асосан дар кишварҳои ғарбӣ паноҳандагии сиёсӣ ёфта дарс омӯхта тактикаву стратегияҳои наву муосири муқобилият ба Ҳукуматро нишон медиҳанд.
Ва чуноне, ки огоҳу шоҳид ҳастем, дар ҳар баромадашон ин хоинони миллат ва як қатор дастпарварони онҳо ҳамчун блогерҳои интернетӣ, шаъну эътибори танҳо Роҳбари давлат, Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро паст мезананд ва ҳадаф якесту маълум аст, миёни мардуми осоишта низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст.
Худ ҳамагон шоҳиди ҳодисаҳои охири замони муосир ҳастему дида истодаем, ки дар чунин вазъи ҳассоси паҳншавии сирояти коронавирус, ки тамоми башарият ба он муқовимат мекунад, ин хоинон таҳти ҳидоятҳои Кабирии мазҳабфурӯши хоин худро “ҳомии миллат” эътироф кардаву аммо дар асл миллату Ватанро аз зеҳнаш дур кардаву зоҳиран бо ғаму андӯҳ, ботинан бошад бо шодиву сурур аз канор ба дарди ҳаммиллати мазлуму ҷабрдида аз хурсандӣ меболанд, чунки танҳо дар сурати аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар, ба буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ гирифтор шудани миллату давлат, ин хоинону душманони миллат ба ҳадафҳои аслии худу хоҷаҳои хориҷиашон расида метавонанд.
Имрӯз, ки сиёсати халқпарваронаи Роҳбари давлату Ҳукумати Тоҷикистон, тибқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама иҷозаи баробари таҳсил, кор ва зиндагии шоистаро кафолат додаасту сокинони кишвар баҳри пешбурди зиндагии хеш ва бавоситаву бевосита ба
бунёди давлати ҳақиқатан ҳам ҳуқуқбунёду демократӣ саҳми босазою арзандаи хешро гузошта истодаанд.
Дар замони муосири ҷаҳонишавӣ, ҳар як миллату давлате ба худ мушкилотҳои иқтисодиву иҷтимоии худро дораду кишвари Тоҷикистон низ аз он истисно несту ҳама мухолифони давлатҳои дигар ба ҳам омада баҳри аз вазъияти ба вуқӯъомада баромадан ба ҳам меоянду мутаассифона “ҳаммиллатон” –и мо бо номи мухолиф кори душманона карда нуфузу мартабаи миллату давлати тоҷиконро дар арсаи сиёсӣ паст фароварда назди хоҷаҳои хориҷиашон мехоҳанд холҳои сиёсӣ ба даст оранд.
Бо ҳамин мақсадҳо таҳти роҳбарии Кабирӣ пайравонаш чун Салимпур, Истаравшанӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва амсоли инҳо, ҳамарӯза дар сомонаҳои интернетӣ бо суханҳои бофтаву бардурӯғ фаъолиятҳои экстремистиву ифротии хешро амалӣ намуда истодаанд.
Бо назардошти ин шинохти аслии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои волои миллӣ ва пайравӣ аз ташаббусу иқдомҳои созандаи фарзандони фарзона ва раъиятпарвари миллат аз ҳар як фарди баору номуси кишвар масъулияти басо бузургро талаб намуда, накӯкориву поквиҷдонӣ, ростқавливу ҳақиқатпарастӣ, ватандӯстӣ ва содиқонаву софдилона хизмат намудан ба миллату давлат нишона аз ҷавонмардӣ ва инсондӯстиву шарафмандист.
Пас ҳар яки моро месазад, ки дар пайравӣ аз ташаббусу иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди устувори кишварамон камари ҳиммат баста, барои ояндаи ободу зебо, зиндагии орому осоишта, пойдории сулҳу субот, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои волои миллӣ саҳми арзишманд ва назаррасаро дар хизмати содиқона ба миллату давлат ва Ватани азизу ҷоноҷонамон- Тоҷикистони маҳбуб анҷом дода, амалҳои хоинонаву разилонаи душманони миллату давлатамонро сахт маҳкум намоем ва баҳри пурра решакан кардани гурӯҳҳову ташкилотҳои бо ном экстремистиву террористӣ ва ифротӣ муборизаи беамон барем.
Муҳаммаддовуд Ҳалимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ