КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳоии миллӣ. Хониши сиёсӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии "Байторӣ" доир карда шуд.
Дар мулоқот масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок намуда, доир ба масъалаҳои гуногуни мубрами рӯз суҳбат намуданд. Дар суҳбат зикр гардид, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит барои кору зиндагӣ ва таҳсилу омӯхтани илм аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар муҳайё карда шудааст. Дар ин маврид чунин шароитҳои хуб моро водор месозад, ки баҳри сарзабзии мамлакатамон ҳаматарафа ҷаҳду талош намоем.
Дар фарҷом аз ҷониби масъулини ҳизбӣ рафти ҳуҷҷатнигории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Байторӣ” дидан намуда, барои вусъати фаъолияти ташкилоти мазкур тавсияҳои судманд дода шуд.