БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУШДОРИИ ҶОМЕА АЗ ХАТАРИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ватан" баргузор гардид.

Дар суханронии худ кормандони масъули ҳизб дар мавзӯи солимии ҷомеа ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки бо вуҷуди созандагиву пешравиҳо ва амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, инчунин дар ҷомеа мушкилотҳое ба монанди хуруҷи бемориҳои гуногуни сироятӣ вуҷуд доранд, ки бояд бар зидди он дастаҷамъона мубориза барем.

Дар охир ба иштирокчиён таъкид гардид, ки дар сурати гузаронидани суҳбату вохӯриҳо доир ба ин масъалаи муҳим ба таври мунтазам дар байни мардум мо метавонем суръати паҳншавии ин вабои асрро коҳиш диҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg