БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ҳалевард оид ба мавзӯи мубрами рӯз, бемориҳои  сироятӣ, аз ҷумла  коронавирус ва самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои бекорхобида суҳбат  намуданд. Мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Алиев зафар оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, бе зарурат ба кӯча набаромадани сокинон ва риоя кардани реҷаи ниқобии ҳар як нафар маслиҳатҳои муфид дод.

Дар идомаи суҳбат мавсуф оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва аз ҳар як замин гирифтани се-чор ҳосилро ёдрас шуда, иброз дошт, ки таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишоварзону саҳмдорон вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд масъулияти зиёдтар дошта бошанд ва барои таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ саҳми бештар гузоранд.

Дар фарҷом аз тарафи кормандони ҳизбӣ ба сокинон  ниқобҳои тиббӣ ва муроҷиатнома ба тариқи  ройгон тақсим карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg