БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОНРО ДИГАР ҚИСМАТ МАКУН…

 

АНДЕША. Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хоса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш ва пурифтихор аст. Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, шаҳрҳои калони сераҳолӣ, биноҳои серошёна, ки маҳсули заҳмати сокинони ин кишвари биҳиштосо мебошад.

Мо тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки гузаштагони мо боре ҳам барои ғасби кишваре лашкар накашидаанд. Баръакс, бо намояндагони ҳунару адаб робитаи дӯстӣ барқарор карда, анъанаҳои писандидаи дигар миллатҳоро гулчин намуданд ва дар омезиш бо қолаби шарқиёна пешкаши мардум гардониданд.

Сафари шуарои дурандеши мо, мисли Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш далели андешаи болост. Онҳо аз кишварҳои зиёд дидан намуда, бозёфтҳои маънавии ҷомеаро дар асарҳояшон истифода кардаанд.

Аз шоирони муосири тоҷик устод Мирзо Турсунзода ин амали шоистаро идома дода, бо адабиёти саропо рангин Тоҷикистонро чун кишвари зебову афсонавӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Бо фарорасии фазои мустақили сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ вазифаҳои шаҳрвандии мо бо тадриҷ афзуд. Тоҷикистон, ки ба сӯйи ҷомеаи демокративу дунявӣ қадамҳои устувор мениҳад, бе ваҳдати ақлу амали ҳар як сокини худ наметавонад аз ин имтиҳони ҷиддии таърих бигзарад. Рушди замони муосир ба кашфи техникаи нав, ихтироъкорӣ, заҳмату талоши шабонарӯзӣ, робита бо мамлакатҳои пешрафтаи дунё ниёз дорад. Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озод эътироф кардааст, мо бояд мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, дар эъмори давлати воқеии дунявӣ саҳм бигзорем ва танҳо бо номи миллат ифтихор кунем. Қисмат кардани Тоҷикистон қисмат кардани модар аст. Дар ин маврид шоири шинохта Камол Насрулло гуфтааст:

Тоҷикистонро дигар қисмат макун,

Байни Хатлону Зарафшону Бадахшон.

Модареро чун тавон қисмат намуд,

Пора-пора байни фарзандон?

Мо тоҷикон, ки яке аз рукнҳои тамаддуни ҷаҳон ҳастем, бояд таърихи халқи худро воқеъбинона ва беғаразона омӯзем ва мақому манзалати халқи тоҷикро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам боло бардорем. Агар мо, махсусан ҷавонон, ки ояндаи ҷумҳурӣ дар дасти мост, ифтихори миллӣ ва худшиносӣ надошта бошем, баҳри ободию озодии кишварамон талош карда наметавонем.

Ниёгони мо Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Сино, Низомӣ, Хайём, Мавлонои Балх, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғаффурову Мирзо Турсунзода ва бисёр дигарон маҳз ҷавононро бо рафтору кирдори нек, донистани таъриху маданияти худ ва пеш аз ҳама ба худшиносию ифтихори миллӣ даъват намудаанд.

Ба андешаи ман мо бояд ҳисси баланди худшиносӣ ва ифтихори миллии тоҷикӣ дошта бошем, ба мисли ниёгонамон барои эҳё ва ободии кишвар ҷидду ҷаҳд намоем. Мо бояд ҳеҷ вақт фаромӯш накунем, ки тоҷик ҳастем, як замин, як забон, як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон аст.

Камолиддинзода Ҷомӣ Камолиддин, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg