БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУШМАНӢ БАРОИ НАҲЗАТИҲО КАСБ АСТ

ВОКУНИШ. Дурӯғ гуфтан, туҳмат задан, иғво андохтан, бадном кардан барои расидан ба мақсадҳои  нопок барои роҳбарони Ҳизби наҳзати ислом бо роҳбарии хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ  касб шудааст. 

Ин гурӯҳча, ки  ҳамагӣ аз 4-5 нафар ради маъракашудаи ватанфурӯшон  иборатанд ва онҳоро  аксаран ном ба ном медонанд,   аз тарси ҷон дар хориҷ аз кишвар  паноҳ мебаранд

Кабирӣ! Мо хуб медонем, ки ту ҳиллагар   аз тарси он, ки дар ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати ислом тани танҳо намонед,  Паймони дурӯғини миллии Тоҷикистонро созмон додед, ки шумораи аъзои он ҳам  аз аз 4 - 5 нафар зиёд нест.   Дигар ҳадафи ту он аст, ки  номи Ҳизби наҳзати исломро камтар ба забон биоранд. Зеро номи ин ҳизби хунхор солҳои мудҳиши навадум: куштор, ғорат, гуреза шудан, аз падар, модар, бародар, хоҳар, фарзанд ва хешу ақрабо хонаю дар маҳрум шуданро ба ёди одамон меорад. Лекин бо ин ҳилла  шумо, хоинони миллат гуноҳҳои нобахшидании худро бо домон пӯшонида наметавонед.

Ҳаминро ҳам хуб медонем, ки шумо ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷагони хориҷиед. Он хоҷагоне, ки ба шумо нисбати давлату миллат ҷиноят ва хиёнат карданро супориш медиҳанд ва шумо маҷбуред, ки онро иҷро кунед, зеро побанди нафсед. Маҷбуред, ки дар ивази маблағгузории хоҷагонатон як коре карда бошед. Имрӯз, ки ба ғайр аз дурӯғ гуфтан (ба ибораи дигар шайтонӣ) дигар коре аз дастатон намеояд, онро ҳамарӯза чун инсон не чун саги даранда иҷро мекунед. Малол нашавед, ки ту Кабирӣ ва думравонатро ба ин ҳайвон ташбеҳ додем.

Ангушт макун ранҷа ба дар куфтани кас,

То кас накунад ба дар куфтанат мушт.

Агар дурустар назар андозем, ба ин ташбеҳ арзанда нестед. Зеро саг баъди аз намакдони соҳибаш нон хӯрдан онро пос медорад. Вале шумоён дар намакдони Ватане, ки дар он ба дунё омадаед, нон хӯрдаед, ба воя расидаед, туф кардед. Баъди ҳамаи ин боз мехоҳед, ки шуморо ба некӣ ном бибаранд.

Ин хобу хаёл аст. Ҳоло ҳастанд ҷавононе, ки он солҳои мудҳишро дар ёд надоранд. Вале онҳое, ки шоҳиди ҳоланд ва аз ҳама муҳим таърих гувоҳ аст, ки шумо хоинон чӣ мехостеду барои расидан ба  мақсади нопоки худ чӣ балоҳоеро ба сари мардум овардед. Бинобар ҳамин чӣ қадаре улос кашед, ҳангос занед натиҷае ба даст намеоред. Дар ҷавоб чӣ мешунавед? Худатон ҳар рӯз бо чашматон мебинеду бо гӯшатон мешунавед. Лаънат!  

Мӯнисов Қузратулло, аъзои гурӯҳи таҳлилии назди Кумитаит иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, вакили  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг       

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg