БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАРЗИШ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ!

АНДЕША. Варзиш як намуди фаъолияти ҷисмонӣ ва интеллектуалӣ буда, барои беҳтар намудани вазъи саломатӣ, пешравӣ барои беҳбудӣ ва машҳурият ба даст овардан хизмат мекунад. Вазъи саломатӣ аз бисёр омилҳо вобаста аст, ки аз байни онҳо тарзи солими зиндагӣ дорои аҳамияти муҳим мебошад. Дар 50-52 фоиз саломатӣ аз тарзи ҳаёт муайян мегардад ва фақат 10-15 фоизи он  аз ҳифзи саломатӣ вобаста аст.

Яке аз қисмҳои муҳимтарин ва ҷудонашавандаи тарзи ҳаёти солим, махсусан дар давраи мактабӣ машғулиятҳои пайвастаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба ҳисоб меравад. Аҳамияти он на танҳо аз таъсири бевосита ба ҷисми машқкунандагон (ширкаткунандагон, инкишофи муътадили ҷисмонӣ, барқарории шакл ва функсияи ҷисм, обутобёбӣ) иборат аст, балки дар тарбияи саломатӣ, барои ташаккули қобилияти мустақилонаи машғулияти машқҳои ҷисмонӣ, истифодабарии онҳо ба мақсади тафреҳ, истироҳат ва худтакмилдиҳӣ низ пураҳамият мебошад. Бо дарназардошти фикрҳои мазкур тарбияи ҷисмонӣ дар ташаккули одатҳои тарзи ҳаёти солим дар байни кӯдакон ва наврасон аҳамияти махсусан муҳимро касб менамояд.

Варзиш гарави саломатӣ буда, шахси ба он машғулшаванда ҳамавақт солиму бардам мемонад. Варзишро роҳи расидан ба дӯстӣ низ меноманд. Аз ин рӯ, санаи 5 августи соли 2020 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаю бунёдкорона ва тарбияи худшиносиву ватандӯстии ҷавонон мусобиқаи футболи хурд байни кормандони Кумитаи иҷроияи  вилоятии ҳизб баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории мусобиқаи варзишӣ, тарғиби  тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонии ҷавонон, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, дарёфти варзишгарони бомаҳорат, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ байни ҷавонон мебошад. Дар мусобиқа иштирокчиён аз рӯи намуди варзиши футбол қувваозмоӣ намуда, мо ҷавонони саодатманд дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз  ва ғайраҳо байни ҳам қувваозмоӣ намоем.

Холов Алишер, таҳлилгари маводҳои иттилоотии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg