БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАСТОВАРДЕСТ БЕҲАМТО БАҲРИ МО-ТОҶИКОН

Нурест ба дидагони мо Истиқлол,
Зӯре ба тану равони мо Истиқлол.
Як миллати пошхӯрдаро ҷамъ овард,
Пайвандгарди ҷаҳони мо Истиқлол.

АНДЕША. Истиқлолият неъматест азиз барои ҳар як халқу ҳар як миллат, ки тавассути он инсон метавонад дар кишвари худ озодона умр ба сар барад ва бемамониат барои таъмини зиндагии шоистаи худ кору фаъолият намояд. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Истиқлолият дар ҳаёти халқи ҷафокашидаи тоҷик дастовардест гаронбаҳову беҳамто, ки бо заҳмату ҷонбозиҳои гузаштагони баору номуси миллати тоҷик ба даст омадааст. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту нуҳ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик- Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин аст, ки ҳар сол рӯзи 9 сентябр ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар саросари кишвари азизамон ботантана ҷашн гирифта мешавад.   Доштани истиқлолияти миллӣ барои ҳар фарди ватанпарвар неруи бузург мебошад. Хусусан, дар замони ҷаҳонишавӣ, ки ба сари кулли кишварҳои олам васеъшавии масъалаҳои гуногун аз қабили бемориҳои сирояткунанда, нарасидани оби ошомиданӣ, гуруснагӣ ва таҳдидҳо ба арзишҳои миллиро овардааст, инсоният баҳри нигоҳ доштани чунин арзишоти воло доимо дар мубориза аст. Пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани комёбиҳои муҳим ба чунин дастовардҳо, аз ҷумла кушодани роҳи иқтисоди бозоргонӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохтори нави идоракунӣ ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба бозори минтақавию ҷаҳонӣ роҳи нав кушоданд.

Яке аз самтҳои стратегии сиёсати кишвар, ки мо онро бо зањмату талошҳои Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардем,  истиқлолияти энергетикӣ буда, яке аз воситаи баланд бардоштани вазъи зиндагии мардум ва ба низом даровардани иқтисоди кишвар маҳсуб меёбад. Чунки раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрӯза асосан ба истифодаи энергетика ва истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ вобастагӣ дорад.

Ба ин маънӣ Сарвари давлат дар ин раванд ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро дида, роҳҳои баромадро низ дарёфт намуда буданд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат аст, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ амалӣ гардидааст.

Ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Ин нуктаро Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай бурда, борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар пайи ободу боз њам пешрафта гардонидани кишвари азизамон- Тољикистон бошем. Зеро ояндаи кишвараамон дар дасти худи мост. 

Умедаи Акрамзода, корманди КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg