АНДЕША. Истиқлолияти Тоҷикистон волотарин, гаронбаҳотарин, муқаддастарин ва бузургтарин шиносномаест, ки дар он садои қалби ҳар як тоҷик инъикос ёфтааст,
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми тоҷик имконияти фаррох ба миён овард, ки таърих, маданият, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва осори гузаштагони худро омӯзем, номи бузургмардони ин сарзамини соҳибтамаддунро аз нав зинда гардонем.Ҳамчунин нашри китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагор” бори дигар ҷавононро водор менамояд, ки ба фарҳангу маданияти аҷдодии хеш эҳтиром зиёд дошта бошанд. Омӯзгорони соҳибфарҳанги кишвар кору фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, соли нави таҳсилро бо руҳияи ободкорию созандагӣ оғоз намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия камари ҳиммат мебанданд ва гуфтаи Сарвари давлат: “Фарзандони мо бояд соҳиби Ватан ва фарҳанги миллӣ буданашонро дарку эҳсос намуда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому манзалати худро пайдо карда тавонанд”-ро сармашқи кори худ қарор медиҳанд.
Орзу дорем, ки монад Тоҷикистон пойдор,
Дар тамоми рӯйи олам давлати пуриқтидор.
Тинҷию осудагию сулҳу Ваҳдат барқарор,
Кишвари озодаи ман кишвари доимбаҳор.
9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи дунё давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон тавлид ёфт. Соҳибистиқлолии кишвари азизи мо маҳз бо кӯшишу талошҳои Сарвари хирадманди мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст меомадааст. Азизон! Ҳамаи мо дар арафаи ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне Истиқлолияти давлатии Ватанамон қарор дорем ва онро бо як шукӯҳу шаҳомат,бо як ҷаҳон эҳсоси гарми ватандӯстӣ истиқбол мегирем.
Дар давоми ин давраи таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чу ҷавшани ҷони Ватан дар душвортарин лаҳзаҳои тақдирсози миллат ҳамроҳу ҳамқадами халқ ва сутуни устувори ин истиқлолияти бебаҳо гардид.
Рустами айёми худ бошед тоҷикбачаҳо,
Дар масофи нанг чун Коваи саф дар шавед.
Баҳри фардои дурахшон,баҳри ҳифзи миллаташ,
Раҳ ба раҳ дар ҳар кадамҷо дар барии сарвар шавед.
Ҳар қадаре, ки дар бораи корнамоиҳо ва ҷоннисориҳои ин фарзона фарзанди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кунем кам аст. Зеро аз рӯзҳои аввали сарварӣ ҷаҳд намуданд, ки дар Тоҷикистони азиз мафҳуми маҳалгароӣ аз байн равад, бо ташаббуси ин абармард раштиву хатлонӣ, суғдиву дарвозӣ, яъне аҳли кишвар ҳамдами якдигар гардиданд. Яъне мардуми роҳгумзадаро аз коми оташ раҳоӣ бахшид. Ба зиндагии орому осоишта, хандаҳои тифлакон, шодии модарон муҳаббати ошиқон, хушҳол ва аз ташвишҳои зиндагӣ дур будани пиронсолон назар месозему ёди қаҳрамоне моро ба дуриҳои дур мебарад,ки ин озодиро ба мо бахшидаанд. Ин қаҳрамон Тоҷикистонро чу ҷаннат гардонидаасту мардумашро машҳури олам намудааст
Худованд ба бахти миллати мо дар сиришти Эмомалӣ Раҳмон он қадар нерӯи давлатдорӣ ва созандагиро ниҳодааст, ки барои амалӣ гардонидани орзую амали ҳазорҳо-ҳазор тоҷикони рӯйи замин кифоягӣ мекунад.
Ин нерӯ на танҳо давлат месозад, роҳу боғу қасру кӯшку мактабу шифохона бунёд мекунад, балки шоирону нависандагонро низ ба таҳрик меоварад ва сарояндагонро ба шавқ меангезад,то ки суруди зебоеро дар васфи ин шахсияти барҷастаи таърихӣ зам-зама намоянд.
Фарзона Темурова, иштирокчии озмуни беҳтарин волонтёр-вокунишгар бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон