БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОНИ ХУШБАХТЕМ

АНДЕША. «Ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллатанд.»

Ин гуфтаҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро беандоза рӯҳбаланд мекунад. Мо ҷавонони хушбахти замонем, зеро роҳбаре дорем, ки такя ба неруи ҷавонон доранд ва мо бояд ба ин боварии бузург сазовор бошем. Имрӯз шароити ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар ҷавони худогоҳ зиракӣ, масъулияти баланди сиёсӣ, нангу номуси ватандорӣ мехоҳад. Зеро душманони давлату миллат ба ҳар васила мехоҳанд ҷавонони ноогоҳро ба доми фиреби худ бурда, ҳадафҳои нопоки хешро бадин васила амалӣ намоянд.   

Пайваста Пешвои миллат дар баромадҳояшон таъкид медоранд, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод созанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд.   

Имрӯз ҷавонони кишвар аз чунин бовариву эътимод неру гирифта, бо талошҳои пайвастаи хеш дар рушду нумӯи кишвари азизамон бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ, дар таҳкими давлат, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азиз саҳми муассиср гузошта истодаанд.  

Мушоҳида мешавад, ки дар давлатҳои гуногун издиҳом ва дигар бетартибиҳо маҳз бо иштироки ҷавонон ташкил карда мешаванд. Зеро душманон аз дасту бозу ва неруи чунин ҷавонони ноогоҳ истифода мекунанд. Ҷавононро мебояд ба ин самти масъала муносибати ҷиддӣ дошта,  маҳз ҳамон неруи пурқудрати онҳо бояд ба самти созандагию бунёдкорӣ, суботофарӣ ва рушди ҷомеа сафарбар бишавад.  

Мо ҷавонони тоҷик насли хушбахтем, зеро озодона таҳсил ва кору фаъолият дорем. Дар ҳама соҳаҳо нисбати дастгирии ҷавонон афзалияти хоса дода мешавад. Роҳбаре дорем, ки дастгирии моро дар мадди аввал  гузоштааст.

Ҷаҳонгир Давлатов, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ, назорат ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg