ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Меҳргон”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз бо раиси деҳаи Меҳргон Абдураҳмонов Абдуғафор бо аҳолӣ бо усули “хона ба хона” вохӯрию суҳбатҳо оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии (COVID - 19) ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ аз касалии сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба онҳо муроҷиатномаи ҲХДТ дастрас карда шуд. Инчунин, ба сокинон оид ба оқилона ва самаранок истифода бурдани қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои Президентӣ тавсияҳо дода шуд.