Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар маҳаллаи ба номи Лоиқ Шералии маркази ноҳия Аксияи ҳизбии таҳти унвони « Солимии ҳар яки мо дар дасти худи мост» бо усули «хона ба хона» баргузор шуд.
Масъулин бо шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳиро дар шароити шиддат ёфтани бемории сироятӣ ба роҳ монда, қоидаҳои беҳдоштиро тибқи тавсияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати қатъиян риоя намудан, бахусус пӯшидани ниқобҳои тиббиро ҳангоми баромадан аз манзили зист ба дарки ҳамагон расонида, ба онҳо маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои муҳофизатиро тақсим карданд.