![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200805_102029.jpg?itok=8kcyKVsJ)
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таъмини пешгирии хатари бемории коронавирус ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар деҳаи Корвон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро тибқи ахбори расмии сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ миёни мардум ба роҳ монда истодааст.
Масъулин дар суҳбат ёдовар шуданд, ки бештар ба гигиенаи шахсӣ риоя намуда, моҳияти худдорӣ кардан аз иштирок дар ҷойҳои серодам ва ҳар гуна ҷамъшавиҳои безаруратро ба дарки ҳамагон расониданд.
Ҳамчунин, истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, кишт ва захираи маҳсулоти кишоварзиро ҷиҳати бекор намондани заминҳои дар ихтиёрдоштаи сокинон вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар охир ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ,, муроҷиатномаи ҲХДТ ва 150 дона ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд.