БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАВЛАТИ ПОЯНДА ХОҲӢ, РӮЙ БА МАКТАБ БИЁР!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!". Мулоқоти  кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик бо кормандони техникии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и деҳаи Булакдашти Ҷамоати деҳоти ба номи Саидмумин Раҳимов баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ, масъулин нисбати пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, вусъат бахшидани  корҳои бунёдкорию созандагӣ  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати ихтиёран сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020 ибрози сухан намуданд.

Имрӯзҳо дар тамоми муссисаҳои таълимии ноҳияи Темурмалик барои шароити хуби таълимӣ фароҳам овардани кӯдакону наврасон ва ҷавонон корҳои созандагиву ободкорӣ рафта истодааст.  Корҳои созандагиву таъмирӣ дар муассисаи таълимии мазкур  бо маром идома дошта, дар ин амали созанда саҳми аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии "Булакдашт"  басо арзанда  мебошад.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg