БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭЪТИБОРИ АВВАЛИНДАРАҶА БА ҲИФЗИ САЛОМАТИИ ҶОМЕА

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Вохӯрии навбатии гурӯҳи кории кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар кӯчаи ба номи Зебунисои маркази шаҳр, бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус бо истиқоматкунандагон доир гардид.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  зимни суханронӣ  қайд карданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози сар задани ин вабо тамоми тадбирҳои пешгирикунандаро андешида истодааст, то ки дар кишвари мо он паҳн нагардад ва ба мардум сироят накунад. Мо низ бояд бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ба масъалаи ҳифзи саломатии худ эътибори аввалиндараҷа диҳем, ҳамкории хешро бо Ҳукумати мамлакат дар самти беҳдошти вазъи ҷомеа ва пешгирӣ кардани паҳншавии ин беморӣ дареғ надорем. Дар ин маврид масъулин дар суҳбат бо сокинон захира намудани маҳсулоти ғизоӣ ва ҳангоми берун баромадан аз хона истифода намудани ниқобҳои муҳофизатиро таъкид намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус барои маълумоти бештар гирифтан, дастрас намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg