БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ихтироъкорӣ аз кабинетҳои фаннӣ оғоз мегардад

ВАХШ. Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо мақсади рушди ихтироъкорӣ ва дарёфти ихтироъкорони ҷавон байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия озмун элон намуд.

Дар рафти баргузории  озмун ҳайати ҳакамон аз  ихтироъкории хонандагон  дидан карда, ба маҳорати баланди онҳо баҳои баланд доданд ва  баҳри дар оянда ривоҷу равнақ ёфтани ихтироъкорӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Аз байни иштирокчиёни озмун беҳтарин ихтироъкорон аз муассисаҳои таълимии рақамҳои 1, 2, 10,18 ва 56 барои иштирок дар марҳалаи дуюм роҳхат гирифтанд.

Ҳамзамон, барои ҳавасманд гардонидани ихтироъкорони ҷавон баъди муайян гаштани ғолибони озмун онҳо бо туфаҳои молиявӣ ва Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш сарфароз гардонида мешаванд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg