ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии навъи "COVID-19" дар маҳаллаи Сулҳ корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба роҳ монда шуда, масъулин дар суҳбати рӯ ба рӯ оид ба риояи қоидаҳои ҳатмии беҳдоштӣ, алалхусус, риояи масофаи байниҳамдигарӣ, тез-тез шустани дастон бо собун, пӯшидани ниқоби тиббӣ, бе зарурат набаромадан аз хонаро ба шаҳрвандон фаҳмонида, ба онҳо маслиҳату тавсияҳои мушаххас доданд. Инчунин, ба сокинони маҳалла ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.