ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона” хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Дар рафти чорабинии ҳизбӣ вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, рафти коргузорӣ, муқоисакунонии аъзои ХХДТ, обунашавӣ ба ҳафтаномаҳои ҳизбии “Ҳамрози халқ” ва “Минбари халқ” ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ баррасӣ карда шуданд.
Зимнан дар рафти чорабинӣ масъулин иброз намуданд, ки дар ҷараёни корҳои тарғиботӣ нашрияҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ “Минбари халқ” ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон “Ҳамрози халқ” низ яке аз дастгоҳҳои бузурги идеологии ҳизбӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин моро зурур аст, ки барои муташаккилона ва босифат ҷамъбаст намудани маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, саҳмгузор бошем. Зеро нашрияҳои мазкур инъикоскунандаи асосии фаъолияти ҳизб ба ҳисоб меравад.