БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ХАЛҚУ МИЛЛАТ СОДИҚОНА ВА БО ДАСТУ ДИЛИ ГАРМ ХИЗМАТ БОЯД КАРД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии "Тибби оилавӣ" бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Айниев Амирхон мулоқот баргузор гардид.

Змини мулоқот масъулин иброз доштанд, ки ҳамаи муваффақиятҳои ба даст омада дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд. Пас моро зарур аст, ки зери ин сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат муттаҳид гардида, ҳамаҷониба барои ободии Ватан ва зиндагии шоистаи мардум саҳми хешро гузорем.

Дар навбати худ Айниев Амирхон баромад карда, изҳор дошт, ки мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз соҳаи тандурустӣ ҷиҳати солимии миллат, ки яке аз самтҳои асосии барномаи ҳизбро ташкил медиҳад, содиқона ва бо дасту дили гарм ҳамеша ба ҷомеа хизмат хоҳем кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg