
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ибтикори аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии "Сомониён" зимни Аксияи ҳизбии тарғиботӣ - амалӣ таҳти унвони "Якҷоя месозем!" бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмир карда шуд.
Боиси зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар шаҳри Кӯлоб корҳои неку созандаро дар деҳаю маҳал ва ташкилоту муассисаҳо ба сомон расонида истодаанд.