БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ СИЁСИРО ДАР САТҲИ БАЛАНД ДОИР ХОҲЕМ КАРД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Бойгонии минтақа" вохӯрӣ доир гардид. Дар ин вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмуъмин иштирок ва баромад намуд.

Дар мулоқот масъулин Фирӯзи Саидмуъмин баромад намуда, дар масъалаи омодагӣ ба маъракаи муҳмми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳояшро баён карда, мавсуф зикр намуд, ки интихобот ин як раванди сиёсие мебошад, ки дар он ҳама ҳизбҳои сиёсӣ иштирок менамоянд. Аз ин рӯ,  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дар баробари дигар ҳизбҳои  фаъол бо ҳадафи созанда ва барномаҳову мақсадҳое, ки аз умқи дили мардум маншаъ мегирад, корҳои таблиғотиро ҷоннок намуда, ҳамчун ҳизби пешоҳанг барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи навбатӣ ҳама чораҳои заруриро меандешад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg