БОХТАР. Тибқи нақшаи баргузори вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сафари-К» бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳоров Искандар ва Исоев Фарух доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мавсуф зимни суханронӣ қайд намуд, ки соҳаи тандурустӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола бахши муҳим ба ҳисоб меравад, зеро азму талоше, ки барои беҳбудии саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст, рушди устувори иқтисодӣ ва нерӯи инсонии кишварро таъмин менамояд.
Сифат ва дастрас будани хадамоти тиббӣ дар тӯли 27 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар хеле пеш рафта бошад ҳам, лекин ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест, ки бевосита ба нигоҳдори тандурустӣ ва ҳолати саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ масъулин оид ба дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар назди иштирокдорон андешаронӣ карда, онҳоро баҳри ҳифзи сиҳатии омма ва боз ҳам ободу шукуфон гаштани Тоҷикистони азиз раҳнамоӣ карданд.