БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОРОМИИ МИЛЛАТ - КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳамасола дар фасли баҳор сокинони деҳаҳои Пакалла ва Зиракии Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов аз хавфи баландшавии оби дарёи Кофарниҳон азият кашида, дар тарсу ҳарос қарор доштанд. Аз сабаби боришоти зиёди борон сатҳи об баланд шуда, заминҳои кишти зироатҳои кишоварзии деҳқонон зери об монда,  талаф меёфтанд.

Бинобар ин бо дастгирии  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб тариқи ҳашар аҳолии деҳаҳои Пакалла ва Зиракӣ ҷалб гардида, дар масофаи 1,5 км корҳои сиҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуд.

Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён иқдом гирифтааст, ки дар рӯзҳои наздик корҳои соҳилмустаҳкамкуниро давом дода, осудагии мардумро дар маҳал таъмин намояд.

Дар рафти баргузории ҳашар ба иштирокчиён ва сокинони деҳаи Пакалла ниқобҳои яккаратаи тиббӣ  ва  варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg