БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ТАВСИЯҲОИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ТИБ ХУДРО НИГОҲ ДОРЕД!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии КОВИД – 19 миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Дар корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ масъулин иброз доштанд, ки баъзе аз шаҳрвандон қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд, ки ин боиси гирифторшавии беморӣ мегардад.  Аз ин лиҳоз мо бояд тамоми гуфтаҳои мутахассисони соҳаи тибро ҷонибдорӣ намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе зарурат гаштугузор накунем,  ҳангоми ба берун баромадан аз ниқобҳои тиббӣ истифода барем, риояи фосилаи иҷтиморо ба роҳ монем худ ва наздиконамонро мубтало ба ин беморӣ  нагардонем. Дар охир ба ҳар як иштирокдорон варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg