
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти болоии ҲХДТ ин навбат Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо ихтиёриён, волонтёрони ҳизбӣ дар маҳаллаи №4 Ҷамоати шаҳрак корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади пешгирь аз хуруҷи дуюми COVID -19, ҳамзамон ташвиқ намудани ҷавонони синни даъватӣ барои ихтиёран ҷалб гардидан ба хизмати ҳарбӣ, самаранок истифода бурдани китъаҳои замини наздиҳавлигӣ вохӯрӣ доир намуданд. Зимни суҳбат волонтёрони ҳизбӣ ба ҷавонон аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҷавонон ояндаи миллат мебошанд” ёдоварӣ карда, онҳоро ба амалҳои созанда раҳнамоӣ намуданд.