БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ КИШТИ ТАКРОРӢ ЗАМИНРО САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕБАРЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади самаранок истифода бурдани замин ва кишти такрорӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ, инчунин дубора авҷ нагирифтани бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар кӯчаи Синои Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук чорабинии ҳизбӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур масъулин вобаста ба масъалаҳои болозикр фикру андешаҳои хешро баён дошта, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро ҳатман риоя карда, ба ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои серодам сайругашт накунанд. Сипас, ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории коронавирусро тақсим намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg