ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус COVID -19 дар кӯчаи ба номи Сайдалӣ Вализодаи Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо усули “хона ба хона” бо сокинон мулоқот анҷом доданд. Дар мулоқот масъулин таъкид карданд, ки риояи гигиенаи шахсӣ, қоидаҳои беҳдоштӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ ва тарзи истифодаи ниқобҳо дар ҷойҳои ҷаъмиятӣ риоя карда шавад. Дар баробари риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ мо ҳар чи зудтар метавонем аз ин бемории сироятӣ раҳоӣ ёбем. Ҳамчунин, дар идомаи сухан истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ вобаста ба вазъи имрӯзаиҷаҳони муосир ба дарки ҳамагон расонида шуд.