БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷрояии ХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба муқовиммат бо коронавирус дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр корҳои фаҳмондадиҳиро идома дода, бо сокинон бо усули “хона ба хона” вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни баргузории суҳбатҳо таъкид карда шуд, ки агарчӣ сатҳи сироятёбии сокинон ба ин беморӣ пас шуда бошад ҳам, вале он маънои онро надорад, ки фориғбол бошем. Дар аксари давлатҳои ҷаҳон мавҷи дуюми он сарзада истодааст. Барои дар кишвар сар назадани мавҷи дуюми сироятёбии коронавирус ҳамаи мо вазифадорем. Тамоми сокинонро лозим аст, ки талаботи мутахассисони соҳаи тиб, гигиенаи шахсиро риоя карда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоби муҳофизатӣ гаштугузор накунем ва масофаи байниҳамдигариро риоя намоем.Ҳамзамон, дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби аъзои гурӯҳи тарғиботӣ ба сокинон ба таври ройгон ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии коронавирус тақсим карда шуд.