БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз Дар асоси дастуру супоришҳои раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин муовини раиси шаҳр Абдуназарзода Шоиста аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар боздид ба амал овард. Зимни боздид Абдуназарзода Шоиста бо масъулин ва сохтмончиён ҳамсуҳбат гардида, ҷиҳати бо сифат ва ба талаботи замони муосир ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ маслиҳатҳо дода, гуфт, ки бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХД дар шаҳр дар доираи нақша- чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин сохта шуда истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар сохтмони бинои маъмурӣ 15 нафар сохтмончиён ва 15 нафар ҳашарчиён аз ҳисоби ташкилотҳои ибтидоӣ ба кор ҷалб карда шуда, дар назар аст, ки дар муҳлати муайянгардида бояд сохта ба истифода дода шавад.