БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРЗАНДИ ХУБ ИФТИХОРИ ВОЛИДОН АСТ

АНДЕША. Яке аз қонунҳои миллие, ки дар замони соҳибистиқлолӣ қабул гашт ва мавриди амал қарор  дорад, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мебошад. Масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд ба яке аз масъалаҳои рӯз табдил ёфтааст. Баъзе падару модарон нисбат ба тарбия ва таълими фарзандон бепарво буда, фаъолияти шабонарӯзии онҳоро назорат намекунанд, ки оқибат кори тарбия душвор хоҳад гашт. Чуноне ки шоир гуфтааст:

Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Барои ҳалли ин мушкилот қонуни болозикр пас аз муҳокимаҳову музокираҳо, таҳлилу баррасиҳои мардуми кишвар қабул грдид. Да асоси қонуни мазкур падару модар вазифадоранд, ки фарзандонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тарбия намуда, барои рушду пешрафт ва донишомӯзии онҳо шароити лозимаро муҳайё созанд.

Номи нек гузоштан низ яке аз вазифаҳои асосии падару модарон аст. Волидайн муваззаф аст, ки ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузашта, онро ба ҳаёти мустақилона омода ва ба меҳнати софдилона ҳидоят намоянд. Фарзандро бо воситаҳои зарурии таълим таъмин намуда, дар рӯҳия эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия кунанд. Шаъну шарафи фарзандро эҳтиром карда, ба муносибатҳои бераҳмона ва бепарвоёна роҳ надиҳанд.  

Ҳидоятгару роҳнамои аввалини кӯдак оила аст. Ӯ дар оила тавлид мешавад ва малакаву хислатҳои нахустинро меомӯзад. Баъзе волидайн дар тарбияи фарзандон саҳлангорӣ карда, уҳдадорӣ ва масъулиятро бар дӯши омӯзгору мактаб ва ҷомеа ҳавола мекунанд.
Моро мебояд бо таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи насли наврас, сисёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро сармашқи кори худ намоем.

Ҳар як инсон дар зиндагӣ вазифадор аст, ки фарзандони худро дар оянда номбардору сарбаланд ба воя расонида, обрӯву ифтихори волидони хеш бошад.

Фарзанди хуб умеду орзу, обрӯю ифтихори волидон аст.

Бо истифода аз фурсат падару модаронро даъват мекунам, ки фарзандони худро ба китобхонӣ ҷалб намоянд, зеро китоб беҳтарин дӯст аст. Он василаи ёрирасон дар таъмилу тарбия гашта, фарзандон ҳамчун шахсияти комил ба воя мерасанд. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон, махсусани Пешвои миллат муҳарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи насли наврас, дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳапарастӣ ба воя расонидани онҳо таваҷҷуҳи махсус дошта, барои баланд бардоштан завқи китобхонии онҳо соли дуюм аст, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...”-ро дар саросари кишвар эълон намудаанд.

Моро лозим аст, ки дар пурра амалӣ гаштани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таъмилу тарбияи фарзанд” саҳми худро гузорем.

Сайёра Ҳусейнова, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg