БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ВОБАСТА БА ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо истиқоматкунандагони Ҷамоати шаҳраки Балх оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “рӯ ба рӯ” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карда, ба иштирокчиён аз ҷониби шахсони масъул маводҳои иттилоотӣ доир ба пешгирии бемории короновирус дастрас карда шуд.

Ҳамзамон, ба сокинон таъкид намуданд, ки риояи гигиенаи шахсӣ барои пешгирӣ аз ин вабо манфиатбахш буда, роҳи асосии пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ мебошад. Аз ин хотир ҳар яки моро зарур аст, барои пешгирӣ намудани ин беморӣ қоидаҳои гигиениро риоя намуда, худ ва наздиконамонро аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg