АНДЕША. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом дошт, ки таҳсил дар мактабҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон аз 17-уми август оғоз меёбад. Дар баробари ин, вазъи баамаломадаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки таҳсилотро бо роҳҳои алтернативӣ ба роҳ монем, ба хотири он ки мактаббачагону донишҷӯён аз барномаи таълим дар ҳолати хатари давраи дуюми коронавирус, ки аз эҳтимол дур нест, бархурдор шаванд. Маҳз, барои ин омӯзонидани воситаҳои таҳсилоти фосилавӣ барои толибилмон зарур аст. Дар замони ҳозира манбаъҳо барои таҳсили фосилавӣ интернет, телевизион, маҷаллаҳо ва радио мебошанд. Барои интихоби дуруст ҳар як манбаъро аз назар мегузаронем:
- Интернет. Дар асри XXI, ки мо қарор дорем, интернет худро ба монанди “фазои бемаҳдуд” ба тамоми ҷаҳониён шинос намудааст. Айни замон, ба таҳсили фосилавӣ ба воситаи интернет тақрибан 30 %-и аҳолии ҷаҳон фаро гирифта шудааст, ки ин рақам сол ба сол тамоюли зиёдшавиро дорад. Дар мақолаи таҳлилие, ки дар сомонаи РБК – агентии иттилоотии “РосБизнесКонсалтинг” (https://trends.rbc.ru/trends/education/5de126b59a79475b973cd3d3) оварда шудааст, тартиби таълим дар шакли онлайн, фарқият аз системаи анъанавии таҳсилот, дурнамои таълими онлайн ва масоили ба ин монанд муфассал навишта шудааст. Дар интернет рӯз аз рӯз манбаъҳои таълими онлайн бисёртар шуда истодаанд. Масалан, дар сомонаи “Дом пионеров” (https://xn----dtbefowjedcgq.xn--p1ai/luchshie-onlajn-resursy-dlya-distancionnogo-obucheniya-2.html/) манбаҳои беҳтарин барои таҳсилоти фосилавӣ оварда шудаанд. Хулоса, интернет фазои кушод аст, танҳо аз хонанда хоҳиш ва малакаҳои дурусти истифодабарии технологияи иттилоотӣ лозим аст. Ногуфта намонад, ки барои толибилмони хурд барои бехатарӣ истифодаи интернет танҳо дар ҳузури волидайн ё дигар калонсолон иҷозат дода мешавад.
- Телевизион. Дар таҷрибаи Тоҷикистон мо шоҳиди он шудем, ки телевизиони “Баҳористон” қисме аз барномаи таълимиро пахш кард. Вақт нишон медиҳад, ки то чӣ дараҷа ин восита самаранок мебошад. Умуман, усули таълими фосилавӣ тариқи телевизион аз ҳама каммасраф ба ҳисоб меравад, чунки дар қиёс ба интернет аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он дастрасӣ доранд. Дар ин ҷода, фаъолияти телевизиони “Баҳористон”-ро махсус барои таълими фосилавӣ равона кардан мумкин аст.
- Маҷаллаҳо ва радио. Истифодаи маҷаллаҳо ва радио барои сокинони ноҳияҳои дурдаст, ки дастрасӣ ба интернет ва телевизион надоранд, метавонад лозим бошад. Дар ин самт, мумкин аст таъсиси маҷалла ва радиои таълимии маҳаллӣ, ки бевосита фаъолияташ ба таҳсилоти фосилавӣ равона шуда бошад. Умуман, маҷаллаҳо ва радиоро дар он ҳолат истифода бурдан мумкин аст, ки агар дастрасӣ ба интернет ва телевизион имконнопазир бошад.
Хулоса, новобаста аз он ки соли нави таҳсил кай ва бо кадом усул оғоз мешавад, омӯхтани усулҳои таҳсилоти фосилавии онлайн барои ҳар як толибилм зарур мебошад. Чунки ҳар як шахс дар замони муосир бояд доимо донишу малакаи худро дар самтҳои гуногун, махсус истифодаи технологияи иттилоотӣ баланд бардорад.
Баҳридинов Баҳманёр, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва таҳлили КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон